Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ намуданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Пешвои миллатро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки ҷониби Қазоқистон ба шахсияти Сарвари давлати мо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии миқёси байналмилалӣ ва дӯсти боэътимоде, ки дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳми таърихӣ гузоштаанд, эҳтиром мегузорад.

Ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ вор

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз самими қалб Шуморо бо зодрӯзатон табрик мегӯям.

Шумо, барҳақ, ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ эҳтироми баланд доред. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо муваффақият пеш рафта, дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳиму созанда дорад.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям.

Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа мебошад.

Яъне имрӯз забони давлатӣ, ки дар умқи таърих реша дорад, зери ҳимояи бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафт ва истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, молияву бонкдорӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самтҳо муайянгардида баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ намунаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд арзёбӣ гардид.