Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

“Ба туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал, бахусус бо Дафтари Шумо, ташаббусҳои мо дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ пайдо карданд. Қабули даҳ қатъномаи марбут ба обу иқлим аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ тасдиқи ин гуфтаҳост”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни мулоқот масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди “нерӯи сабз” мавриди муҳокима қарор доштанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз талошҳои Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти илм, технология ва инноватсия ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор пуштибонӣ менамояд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омодагии худро изҳор доштанд.

Дар рафти мулоқот оид ба аҳаммияти қабули ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин, таъсиси “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” табодули андеша сурат гирифт.