19 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Фархор бинои ҶДММ «Маркази ташхисию табобатии Ориёно»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
«Маркази ташхисию табобатии Ориёно» дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лутфия Камолова бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, сохтмони бинои маркази тиббӣ ҳанӯз соли 2021 оғоз гардида, аз таҳхона, панҷ ошёна ва болохона иборат аст.
Бинои мазкур аз тарафи ширкати сохтмонии ҶДММ «Фирӯз-сохтмон» давоми ду сол бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Дар ҶДММ «Маркази ташхисию табобатии Ориёно» 34 нафар, аз ҷумла 6 табиб, 14 корманди миёнаи тиббӣ ва 12 нафар корманди ёрирасон ба кор ҷалб шудаанд.
Барои фаъолияти пурсамари ин маркази тиббӣ бо арзиши 12 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харида, васлу насб шудааст.
Дар таҳхонаи ин иншооти тиббӣ дорухона, ошхона, ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд, ки ба ниёзмандон хизмати сатҳи баланд пешниҳод менамоянд.
Дар ошёнаи аввали бинои мазкур бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба ниёзмандон ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, муоина ва ташхиси ултрасадоӣ, муоина ва ташхиси гастроскопӣ ва ҳуҷраи рухсатии беморон ҷой дода шудаанд.
Ошёнаи чорум ба бахши ҷарроҳӣ ва ҳуҷраҳои табобати интенсивӣ махсус гардонида шуда, дар ҳуҷраҳои интенсивӣ шароити мусоид барои беморони баъди ҷарроҳӣ ва ба эҳё ниёздошта фароҳам оварда шудааст.
Ошёнаи панҷум барои бахши ташхисӣ ва ҳуҷраҳои табобатӣ ҷиҳати қабули бемориҳои дил, гӯшу гулӯву бинӣ, асаб, чашм, дандон озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ ва дар ошёнаи шашум маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи кории маъмурият ҷойгир шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи тиббӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида барои аҳолӣ баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки дар «Маркази ташхисию табобатии Ориёно» дастгоҳи эндовидеоҷарроҳии истеҳсоли ширкати овозадори «Delmont»-и Ҷумҳурии Фаронса харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Арзиши ин тавҳизот қариб 2 миллион сомонӣ буда, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ягона мебошад.
Ба гуфтаи масъулин, дар оянда бо истифода аз имконияти ин марказ бо ҷалби мутахассисони сатҳи минтақа ва ҷумҳуриявӣ амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун ба роҳ монда мешавад.
Бо оғози фаъолияти «Маркази ташхисию табобатии Ориёно» аҳолӣ имкон доранд, ки барои ташхису табобат бе харҷи маблағи зиёд ва сарфаи вақт дар назди хонаҳои худ аз хизматрасонии сатҳи баланд баҳравар гарданд.
Дар Марказ барои интиқоли бемороне, ки ба кумаки тиббии фаврӣ ниёз доранд, автомобили махсусгардонидашуда низ фаъолият менамояд.
Дар бино маҷмуан 20 кати хоб, аз ҷумла 5 кат барои бемориҳои дил, 5 кат барои бемориҳои асаб, 5 кат барои бемориҳои амрози даруна ва 5 кат барои бемориҳое, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд, ҷудо шудааст.
Барои ҷиҳозонидани ин ҳуҷраҳо таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди рентгени рақамӣ, муоинаи гастроскопӣ, муоинаи ултрасадоӣ, кардиомониторҳо, кати ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои озмоишгоҳӣ ва дигар таҷҳизоти муосири тиббӣ васлу насб шудаанд.