Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр мулоқот намуданд

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр мулоқот карданд.

Дар рафти вохурӣ дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Нидерланд ва масъалаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи миёнамӯҳлати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, ки бо ҳамраисии ду кишвар доир мегардад, баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот дар рӯзҳои оғози ҷашни байналмилалии Наврӯз ва аз шарикии ду кишвар дар конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид изҳори қанотмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мавқеи кишварҳо дар ҳалли мушкилоти глобалии об, гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо ва пешгирию бартарафсозии офатҳои табиии марбут ба об, табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об, иқлим ва обшавии пиряхҳо маҳз ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳдиди афзоянда роҳандозӣ гардид, ки аз ҷониби давлатҳои сайёра, минҷумла кишвари Нидерланд, дастгирӣ ёфтаанд.

Дар рафти мулоқот натиҷаҳои ҳамкории ду кишвар давоми 30 соли истиқрори робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Нидерланд дар соҳаи сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, бахшҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, молиявию тиҷоратӣ, гуманитариву фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ, муҳокима карда шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, рушди соҳаҳои энергияи сабз, коркарди захираҳои табиӣ, ташкили хатсайрҳои мустақим, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аз самтҳои ояндадору афзалиятноки ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.

Дар охири мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ба имзо расид. Ба Ёддошти тафоҳум Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири инфрасохтор ва оби Подшоҳии Нидерланд имзо гузоштанд.