Бунёди осоишгоҳи нав дар мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт

Дар мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт, ки бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст, осоишгоҳи замонавӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар шаҳраки Адрасмон

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинону соҳибкорони ватандӯсти шаҳраки Адрасмон ба корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд.

Боздид аз Комбинати маъдантозакунии "Адрасмон"

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат, бунёду барқарорсозии корхонаҳои калон ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 70-солагии шаҳри Бӯстон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар фазои сулҳу ваҳдат ва шукргузорӣ аз озодиву соҳибистиқлолии кишвар дар Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг»-и шаҳри Бӯстон ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба 70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.