Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

4 феврали соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.

Зимни нишасти хабарӣ Раиси вилоят ба рӯзноманигорон оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои гуногун дар соли 2021 маълумот дод. Гуфта шуд, ки соли 2021 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рӯйдодҳои муҳиму санаҳои таърихӣ сабт гардид ва сокинони вилояти Суғд, чун тамоми мардуми бунёдкори ҷумҳурии азизамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаву шоиста таҷлил намуданд.

Дар ин соли таърихӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ба ин васила таъмини некуаҳволии мардум тадбирҳои судманду муассир амалӣ намуда, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2021 ба андозаи 106,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 277,1 миллион сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 192,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар соли 2021 ба буҷети маҳаллии вилоят 2 миллиарду 435,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 157,1 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 106,9 фоизи нақша мебошад.

Дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20 миллиарду 940,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 428,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,3 фоиз таъмин гардида, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 55,0 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 ба миқдори 1,4 миллион тонна семент ва 1,7 миллион тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон, нисбат ба соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 117,6 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 109,6 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4635 тонна калоба ва 7 миллиону 712,5 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба миқдори 5206,0 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 2325,5 тонна ё 80,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли орд 495,8 ҳазор тонна ва равғани растанӣ 4132,8 тоннаро ташкил намудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2021 дар миқёси вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав бо 3056 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 12 милиарду 299,6 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 8 миллиарду 919,3 миллион сомонӣ ва чорводорӣ ба маблағи 3 миллиарду 380,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 106,0 ва 110,0 фоиз таъмин гардидааст.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 258,8 миллион доллари амрикоӣ сармоя, аз ҷумла 238,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 20,4 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 1,84 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 131,5 миллион доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 87,3 миллион доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шуданд.

Раиси вилоят инчунин доир ба вазъ ва дастовардҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, сайёҳӣ ва ғайраҳо маълумот дода, ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух гуфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2021”

4 феврали соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2021” баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун аз ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо кормандони воситаҳои ахбори омма изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид сохт, ки нақши рӯзноманигорон дар баррасиву ҳалли масоили гуногуни ҷомеа назаррас аст. Бо назардошти ин роҳбарияти вилоят бо кормандони ВАО ҳамкориҳои хуб дошта, минбаъд низ барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум бо аҳли қалам ҳамкорӣ хоҳад кард.

Боиси зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дастгирии журналистон ва сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни журналистон барои беҳтарин маводи журналистӣ озмун эълон намуда буд.

Озмуни мазкур тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 июни соли 2021, №297 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2021» гузаронида шуда, тибқи муқаррарот қабули маводҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, беш аз 60 нафар журналистон дар номинатсияҳои “Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон(дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат)», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)”маводҳои худро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.

Тибқи банди 5 ва зербанди 14 –и низомномаи тасдиқшуда озмун аз ҷониби ҳакамон, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистон дохил мебошанд, ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар асоси қарори ҳакамони озмун дар номинатсияҳои зикршуда 39 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Равзалӣ Амонов – хабарнигори телевизиони “Тоҷикистон”,  Муслима Раҳимова – хабарнигори телевизиони “Баҳористон”, ,Обидҷон Каримов– хабарнигори телевизиони “Синамо”, Фирӯза Мирҷумъаева – хабарнигори телевизиони “Диёр”, Дилрабо Анорқулова - хабарнигори телевизиони “Суғд” , Субҳиддин Қодиров - хабарнигори телевизиони “Суғд”, Ӯғулой Раҷабова - хабарнигори телевизиони “7 ситора”, Мафтуна Шукурова – хабарнигори телевизиони “СМ-1”, Дадоҷон Норматов - хабарнигори телевизиони “Суғд”, Мирзоалӣ Амонов – хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Меҳрубон Ҳасанов – хабарнигори радиои “Дунё”, Адиба Қаҳҳорова – хабарнигори радиои “Суғд”, Карим Юлдошев – хабарнигори радиои “Тироз”, Фарзон Муҳаммадӣ – хабарнигори “Радиои Озодӣ”,  Мастона Муҳидиллозода – хабарнигори радиои “Тоҷикистон”, Искандар Ҳамидов - директори радиои “Садои Панҷакент”, Неъматулло Мирсаидов – рӯзноманигори мустақил, Ӯғулой Қоситова – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хуҷанд”, Ӯктам Ризаев – хабарнигори рӯзномаи “Суғд ҳақиқати”, Ҷаннат Умарова – сармуҳаррири маҷаллаи “Роҳнамои Тоҷикистон”, Моҳира Раҳимзода – хабарнигори ҳафтаномаи “Сухани халқ”, Фарзона Муродӣ – хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, Ҳалим Ҷӯраев – хабарнигори оҷонсии “Азия плюс”, Лутфӣ Неъматзода – хабарнигори рӯзномаи “Согдийская правда”, Абдусабури Абдуваҳҳоб – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Сухани халқ”, Қамари Аҳрор – рӯзноманигори мустақил, Истамҷони Наҷмиддин – хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”,  Алишери Толиб - муҳаррири оҷонсии иттилоотии “Суғднюс”, Фарзона Ҳодибоева – хабарнигори телевизиони “Азия” ва дигарон бо диплому мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1500 сомонӣ то 6000 сомонӣ сарфарор гардонда шуданд.

Озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо дастгирии роҳбарияти вилоят аз соли 2014 инҷониб гузаронида шуда, соли равон маблағи умумии ҷоизаҳо 160 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Дар АРТ-Галерияи «Сомониён» намоиши асарҳои аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Россия Саид Ашрапов баргузор шуд

Дар толори АРТ-Галерияи "Сомониён"-и шаҳри Хуҷанд намоиши эҷодиёти мусаввири варзида, аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Россия Саид Ашрапов таҳти унвони «Ду қалби ҳамгиро» баргузор гардид, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Консули Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид аз маҳсули эҷодиёни ин рассоми моҳир ва номвар ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Саид Ашрапов омўзгор, мусаввир, дизайнери машҳури на фақат Тоҷикистон, балки Федератсияи Русия буда, устоди садҳо нафар рассоми ҷавону номвар мебошад. Мавсуф 16 сол инҷониб дар коллеҷи рассомии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Руссияи барои донишҷўён ҳунари рассомиро меомўзонад ва дар офаридани садҳо номгўйи асарҳои ифодакунандаи таъриху табияти мулки рус ҳиссаи босазо гузоштааст.

Саид Ашрапов дастпарвари муассисаҳои олии Душанбе ва Тошканд буда, дар якчанд намоиши асарҳои сатҳи байналхалқӣ, иштирок намудааст. Маҳсули ҳунари ў дар осорхонаҳои ИМА, Чин, Туркия, Италия, Канада, Россия, Исроил, Канад, Ҳиндустон ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешавад. Соҳиби ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, садҳо адад мукофотҳои соҳавиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дарёфтааст. Бо маҳсули эҷоди худ дар таҳкимии дўстии Тоҷикистон ва Руссия нақши муносиб гузоштааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз санъату эҷодиёти волои рассом-оришгар Саид Ашрапов тавсиф намуда, онро намунаи олии пайравӣ ва омўзиш ба насли наврасу ҷавон унвон намуд.

Таъкид шуд, ки бо санъати волои худ Саид Ашрапов на фақат дар дохили мамлакат балки берун аз он муаррифӣ ва ба комёбиҳои назаррас низ ноил шудааст. Аз ин лиҳоз ташкили чунин намоиши асарҳои ин рассоми варзида дар шаҳри Душанберо мувофиқи мақсад дониста, ба масъулини соҳаи фарҳанг дастуру супоришҳо дод.

Консули Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ба маҳсули эҷоди рассом Саид Ашрапов баҳои баланд дода, дар ин росто таҳкими робитаҳои фарҳангии миллати рус ва тоҷикро муҳим арзёбӣ кард. Ва пешниҳод намуд, ки донишҷўёни коллеҷи рассомии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ташриф оварда, табиати нотакрори онро ба риштаи тасвир кашанд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.

Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷўраев зикр намуд, ки байни рассомон Саид Ашрапов бо сабку хусусият ва диду нигоҳи хос, бахусус тасвири манзараҳои Федератсияи Руссия фарқ менамояд ва мояи ифтихори ҳамагон аст.

Аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Россия Саид Ашрапов ва модараш Бисоҷида Ашрапова ба роҳбарияти вилоят ва шаҳр, Консули Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд барои таваҷҷуҳ ва эҳтиромашон арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Оқил Оқиловро бахшида ба зодрӯзаш табрик гуфт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат карда, ӯро бо зодрӯзаш табрик намуд.

Оқил Ғайбуллоевич Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.

Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шӯъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод фаъолият дошт.

Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз хизматҳои Оқил Оқилов дар рушди хоҷагии халқи мамлакат ба ӯ тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Қадршиносии варзишгарону мураббиён барои дастоварду натиҷаҳо дар соли 2021

1 феврали соли 2022 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии варзишгарону муррабиёне, ки дар соли 2021 соҳиби нишондиҳандаҳои назаррас шудаанд, доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо варзишгарону муррабиён иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва варзишгарон аз ҷониби давлату ҳукумат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Дар ин давра, дар самти дастгирии ҷавонон ва варзишгарон санадҳои муҳими давлатӣ қабул шуда, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян гардиданд.

Қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ''Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон'' ва ''Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш'' собит сохт, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози фаъолият дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобад.

-Боиси ифтихор аст, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар соли 2021 таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва варзишгарон чун ҳарвақта назаррас буд. Ин ташаббус аз ғамхориву дастгирӣ ва боварии роҳбари олии кишвар ба ин қишри фардосози ҷомеа шаҳодат медиҳад ва масъулияти ҷавонон ва варзишгаронро дар назди миллату давлат дучанд мегардонад,-таъкид кард Раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мулоқот бо варзишгарон ҳамасола аз ҷониби Раиси вилоят фаъолияти варзишгарон, мураббиён ва кормандони соҳа қадр карда мешавад.  Таҳлили соҳаи варзиш дар давоми солҳои охир нишон медиҳад, ки бобати сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳо дар шаҳру ноҳияҳо дар самти сохтмон ва барқарорсозии иншооти варзишӣ, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ, рушди намудҳои олимпӣ ва афзун гардондани теъдоди варзишгарону шавқмандони соҳа корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, давоми соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳо 67 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 варзишгоҳ, 49 майдонча, 15 толор, 1 ҳавзаи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ бо сарфи беш аз 37,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дигар сарчашмаҳо сохта, мавриди ба истифода қарор гирифтааст.

Тибқи нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2021-ум 104 мусобиқаву чемпионати вилоятӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар онҳо беш аз 8 ҳазору 750 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 2 ҳазору 130 нафар духтарон, инчунин дар 137 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 3982 варзишгар, аз ҷумла 763 нафар бонувон иштирок намуда, ба гирифтани 815 медали тилло, 717 медали нуқра ва 921 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Ҳамзамон, варзишгарони вилоят Комроншоҳи Устопириён дар чемпионати Осиё ва Гранд слем оид ба намуди гӯштини дзюдо ҷойҳои дуюм ва сеюм, Абдураҳим Ёқубов, Муҳаммад Ҷабборов, Искандарбек Рустамов ва Бибиҷон Музаффарова оид ба бокс байни наврасон ва ҷавонон ҷойҳои сеюм, Мавзуна Азимова дар мусобиқаи байналмилалӣ ва Гран-при оид ба камонварӣ ҷойи сеюм, Амирҷон Бобоҷонов ва Абдусаттор Ғафуров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ ҷойҳои дуюм ва сеюм, Ҳамроз Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини самбо ҷойи якум, Илҳом Турсунов ва Наимҷон Ҳабибуллоев дар Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд ҷойҳои якум ва дуюм, Фотима Гадоева дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу байни ҷавонон ҷойи дуюм, Беҳрӯз Гулмаҳмадзода, Кароматулло Қурбонов, Меҳроҷ Рабиев ва Шероз Очилов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ ҷойи сеюмро сазовор гардида, Парчами давлатии Тоҷикистони азизро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон карданд.

Дар охир ба ғолибону ҷоизадорон ва устодону муррабиёни онҳо Сипоснома ва туҳфаҳои пулии Раиси вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд