Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз иншооти навбунёди таълимӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуд.
Раиси вилоят аз бинои таълимии навбунёд дидан карда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Иншооти мазкур иборат аз ду ошёна ва 700 ҷойи нишаст бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд ёфтааст. Иншооти таълимӣ дорои 20 синфхона, 4 лаборатория, аз ҷумла, лабораторияи криминалистика, ду лабораторияи компютерӣ, 4 синфхонаи лексионӣ буда, бо навтарин таҷҳизоти техникиву соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаҳо ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, камераҳои замонавӣ насб карда шудааст. Ҳамзамон, дар бинои мазкур Парки технологии донишгоҳ, студия барои баргузории дарсҳои онлайнӣ ва сабти барномаҳои телевизионӣ, утоқи кории омӯзгорон мавҷуд аст.