Номаи ҳамдардӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз марги фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худойбердӣ, ки бар асари ҳодисаи нақлиётӣ ба амал омадааст, сахт андӯҳгин буда, ба пайвандон, хешу таборон ва наздикони онҳо ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.

Дар шаҳри Гулистон Форуми «Кӯдакони иттиҳод» оғоз шуд

16-уми июни соли 2026 дар Қасри Арбоб маросими расмии оғози Фору-ми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид, ки дар он шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва меҳмонону иштирокдорон ҳузур доштанд.

Форуми XI – уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Аз 15 то 24 июни соли 2026 дар мувофиқа бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо пешниҳоди Котиботи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш