
Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Бойгонии давлатии вилояти Суғд чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, роҳбарияти Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони бойгониҳои марказии ҷумҳурӣ ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода ва Лутфия Шарифзода, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Бойгонии давлатии вилояти Суғд яке аз кӯҳантарин бойгониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар нигаҳдории ҳуҷҷатҳои таърихӣ, ки дар омӯхтани ҳаёт ва таҷрибаи бои рӯзгори мардуми сарзамини тоҷикон, дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ, пешрафти маданияту иқтисодиёт ва истифодаи ҷиҳатҳои мақбули онҳо дар шароити имрӯза мавқеи муҳим дорад.






