Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз ёфт

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ санги асос гузошта шуд.

Синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 150 нафар хонандагон дар як баст пешбинӣ гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи падару модарону соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад. 

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, иншооти соҳаи маориф соли 2026 ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман" беш аз 1000 хонанда иштирок намуд

Бо ибтикороти Муассисаи давлатии "Планетерияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ"-и назди Раёсати маорифи вилояти Суғд дар Муассисаи давлатию фарҳангии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ баҳри амалинамоии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон, 45 - солагии таъсисёбии Планетарий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва "100-солагии таъсисёбии нахустин Планетарий дар олам" дар асоси фармоиши Раёсати маорифи вилоят бахшида ба "Рӯзи кайҳоннавардон", аз озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман" натиҷагирӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур аз рӯи 5 шарт: 

-тасвирофарӣ ва расмкашӣ дар мавзуъи "Кайҳон аз нигоҳи ман" байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни маҳфилҳои мактабҳои рассомӣ; 

Шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуд

13 апрел мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод. 

Роҳандозии тадбирҳои судманд ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки шаҳри Бӯстон пеш аз муҳлат нақшаи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намояд. 

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш