Панҷакент ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ" эътироф карда шуд

21 октябри соли 2025 Панҷакент расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” аз ҷониби “Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” эътироф гардид, ки ин як дастоварди муҳим дар ҳифз ва рушди мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон мебошад. 

“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” (World Crafts Council) яке аз ниҳодҳои ЮНЕСКО буда, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад.   

Созмони мазкур шаҳрҳоеро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути эътои унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ” эътироф менамояд.

Дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои ваҳдатсоз» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

23 октябр дар толори Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои ваҳдатсоз» баргузор шуд.

Дар конференсия раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонӣ Давлатзода, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Хурсандқул Зикиров, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таълимии олӣ, миёнаи касбӣ ва умумӣ, устодону омӯзгорон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, шӯроҳои занон, собиқадорон, фаъолон иштирок намуданд. 

Парвариши моҳӣ ва мурғобӣ дар шароити деҳот — иқдоми нав дар шаҳри Панҷакент

Дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент нахустин фермаи парвариши мурғобӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мурод Ҳасанов бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои масъулин дар марҳилаи аввал 700 сар мурғобӣ, 10 сар қу ва зиёда аз 3000 моҳӣ парвариш карда мешавад. Бо ин мақсад дар масоҳати 2 гектар замини соҳили дарёи Зарафшон се ҳавзи муосир ташкил гардида, шароити зарурӣ барои афзоиш ва нигоҳдории паррандаву моҳӣ муҳайё шудааст.

Парвариши моҳӣ ва мурғобӣ дар шароити деҳот на танҳо ба афзоиши истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мусоидат мекунад, балки имконият фароҳам меорад, ки аҳолии маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шаванд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш