
Барои 91 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернат барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷмуи сару либос, пойафзол ва шириниҳо иборат буданд, тақдим гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд, дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мақоми меҳварӣ дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳаққи чунин нафарон ғамхорӣ зоҳир менамоянд.






