Дар толори Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд дар доираи баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии гарнизони Суғд, бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулону намояндагони сохторҳои қудратӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ баргузор гардид.




