
Дар ноҳияи Айнӣ шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба сокинон тақдим мегардад.
Сокинони ноҳияи Айнӣ ин иқдоми фазилатмандонаи Сарвари давлатро истиқбол намуда, онро нишонаи таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба фарҳанг, адабиёт ва арзишҳои таърихию маънавии халқи тоҷик меҳисобанд.
«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тақсим карда мешавад. Ҳадафи аслии он эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкиму тавсеаи эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад.






