
Шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази фарҳангӣ ва иқтисодии вилояти Суғд дар солҳои охир симои худро куллан дигар мекунад. Бунёди корхонаҳои нав, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳои замонавӣ ва аз ҳама муҳим, маҷмааҳои нави истиқоматӣ ба шаҳр на танҳо ҳусни тоза мебахшанд, балки сатҳи зиндагии сокинонро низ боло мебаранд. Яке аз чунин тарҳҳои муҳим ва ояндадор – сохтмони маҷмааи биноҳои бисёрошёнаи “Темурмалик” мебошад, ки дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи беҳтарини меъморӣ амалӣ мегардад.
Иқдоми мазкур аз ҷониби Консорсиуми соҳибкорони тоҷику турк роҳандозӣ шуда, дар он сармоя ва мутахассисони хориҷӣ низ ҷалб гардидаанд. Хусусияти фарқкунандаи ин лоиҳа дар он аст, ки ҳангоми тарҳрезӣ ва сохтмон тамоми талаботи замон ва шароити мусоид барои сокинон ба назар гирифта мешавад. Дар Маҷмаа на танҳо манзилҳои истиқоматӣ, балки инфрасохтори пурра барои зиндагии бароҳат ва фароғати аҳли оила пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, ҳавзи шиноварии пӯшида, ҳаммом, ҳаммоми туркӣ, толори фитнес, таваққуфгоҳи пӯшида, боғчаи кӯдакона, майдончаҳои бозии кӯдакон, мавзеи фароғати калонсолон ва ҷойи истироҳати аҳолӣ бунёд мешаванд. Ҳамин тавр, сокинони маҷмаа метавонанд тамоми ниёзҳои рӯзмарраи худро бидуни берун рафтан аз ҳудуди он қонеъ созанд.






