Имрӯз дар толори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи Кумитаи тадорукот ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд таҳти унвони «35 соли Истиқлол – 35 қуллаи варзишӣ», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.




