Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ашт иҷро гардид

Заркорони ноҳияи Ашт нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд. 

14 ноябр раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода "Муждаи зафар" - ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода расонид. 

Соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ашт 13 ҳазору 851 тонна муқаррар гардида, бо талоши меҳнаткашони ноҳия нақшаи пешбинишуда 100 фоиз иҷро карда шуд.

Раиси вилоят пахтакорони ноҳияи Аштро бо ғалабаи меҳнатӣ табрик гуфта, барои қабулу коркарди пурраи пахта, то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва дар маҷмӯъ таъмини рушди соҳаи саноати сабук ба раиси ноҳияи Ашт супоришҳо дод.

Таҷлили 100-солагии таъсисёбии Бойгонии давлатии вилояти Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Бойгонии давлатии вилояти Суғд чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, роҳбарияти Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони бойгониҳои марказии ҷумҳурӣ ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд. 

Дар ҳамоиш муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода ва Лутфия Шарифзода, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Бойгонии давлатии вилояти Суғд яке аз кӯҳантарин бойгониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар нигаҳдории ҳуҷҷатҳои таърихӣ, ки дар омӯхтани ҳаёт ва таҷрибаи бои рӯзгори мардуми сарзамини тоҷикон, дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ, пешрафти маданияту иқтисодиёт ва истифодаи ҷиҳатҳои мақбули онҳо дар шароити имрӯза мавқеи муҳим дорад.  

Оғози семинари омӯзишӣ барои масъулони марказҳои матбуотӣ дар Хуҷанд

Имрӯз дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма” оғоз ёфт. 

Дар кори семинар масъулони бахши кор бо ВАО-и шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони ташкилоту идораҳои вилоят иштирок доранд.

Дар маросими ифтитоҳи семинар муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ширкат варзида, оид ба нақши марказҳои матбуотӣ дар пурра намудани фазои иттилоотӣ ва тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма ибрози андеша намуд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш