Бо мақсади таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ, тарғибу расму оин ва ҷашну маросими мардумӣ моҳи март дар вилояти Суғд Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расид.
Дар доираи таҷлили ҷашн гузаронидани ҳашарҳои оммавии вилоятӣ, мусобиқаҳои миллии «Пойга» ва «Бузкашӣ», мусобиқаҳои суннатии варзишӣ, ҳамоиши вилоятии «Ин Ватанро мо — ҷавонон сабзу хуррам мекунем», конфронси вилоятии «Наврӯз дар оини фарҳанги тоҷикон», маҳфилҳои «Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ-ҷашни мардуми ориёӣ», «Пешвои миллат — эҳёгари ҷашни Наврӯз», озмуни «Арӯси наврӯзӣ», аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», «Тозагии роҳ» ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.



Соли 2022 миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2022» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.
