Бахшида ба Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мешавад

Бахшида ба Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.

Дар чорабиниҳои идона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок карда, аз номи роҳбарияти вилоят бошандагони муассисаҳои иҷтимоиро ба муносибати Соли нав табрик мекунанд. Барои бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои идона дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар вилоят 21 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебарад, ки шумораи бошандагони он ба санаи 1-уми декабри соли 2025 1828 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии қонунбарори мамлакат ва дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд.

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар пешрафти иқтисодиёт ва таҳкими амнияти озуқаворӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши ҳалкунанда дорад. Ин нукта бори дигар дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 16 декабри соли ҷорӣ ироа гардид, таъкид шуд.

Тавре дар Паём зикр гардид, бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво, хокборишҳои шадид ва дигар омилҳои номусоиди табиӣ, кишоварзони мамлакат дар соли 2025 бо заҳмати софдилона ва ватандӯстона тавонистанд суръати рушди соҳаи кишоварзиро ба 8,5 фоиз расонанд. Ин нишондиҳанда далели равшани устуворӣ ва қобилияти мутобиқшавии соҳа ба шароити мураккаб буда, фаровонии бозори истеъмолии дохилиро таъмин намуд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш