22 март бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар шафати шоҳроҳи шаҳр дарахтони нодири ороишиву сояафкан шинонида шуд.
Роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Савзаалӣ Назирзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сабзкорӣ ба мутахассисону покизакорон суҳбати самимӣ анҷом дода, баҳри амалӣ намудани сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ баён намуд.



18 марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои идона ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен миёни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят даври вилоятии озмуни беҳтарин дастархони наврӯзии "Ҳафт син ва ҳафт шин" баргузор гардид.
22 марти соли 2022 ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" гузаронида мешавад.
