Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паёми навбатиашон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо мулоқот баргузор гардид.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Таҳмина Усмонова оид ба қарорҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят «Дар бораи манъ намудани фурӯши маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда, хӯришҳои консервашудаи дар шароити хона тайёршуда, истеҳсол ва фурӯши яхмос ва нӯшокиҳои ташнагишикан дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ», ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулоти хӯроквории зикршуда ба тасвиб расидаанд, иттилоъ дод.



Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
29 апрел ба муносибати фарорасии Иди Рамазон дар 22 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакони вилояти Суғд чорабиниҳои идона доир мегардад.
