Қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 майи соли 2022 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2022» ба имзо расид.
Тибқи ин қарор низомномаи озмун тасдиқ гардид, ки дар асоси он озмун аз рӯи номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ» ва «Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)» миёни кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва хабарнигороне, ки расонаҳои ҷумҳуриявиро намояндагӣ мекунанд, гузаронида мешавад.



Бо ибтикори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ва дастгирии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар толори китобхона даври вилоятии озмуни “Шукуфаҳои Истиқлол” доир гардид.
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи баргузории Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» 28 майи соли равон дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.
