Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан рӯнамоии китоби "Донишномаи Истаравшан" баргузор гардид.
Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нашри китоби "Донишномаи Истаравшан"-ро ба аҳли зиё ва сокинони Истаравшани бостонӣ шодбош гуфта, зикр дошт, ки китоби мазкур бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳи эҷодӣ дар муддати се сол таҳия гардида, аз аввалин энсиклопедияҳои маҳаллист, ки дар ҳамкорӣ бо Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик ба меъёрҳои илмӣ мутобиқ гардонида шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар нашриёти “Эр-граф” бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид. “Донишномаи Истаравшан” маҳсули заҳматҳои аҳли зиёи шаҳри Истаравшан дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода гардидааст.



4 апрел таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ шинос шуданд.
4 апрели соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо роҳбарону фаъолони шаҳри Гулистон машварати корӣ доир гардид.
