Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ мусобиқаҳои варзишӣ дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 марти соли 2022, №97 аз санаи 20 май то 24 июни соли 2022 доир хоҳад шуд.



13 май як гуруҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва волидайни наваскарон бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода бо мақсади аёдати сарбозон ба қисмҳои низомии ҷанубу шарқи кишвар сафарбар карда шуданд.
Ҷадвали рӯзҳои баргузории даври шаҳриву ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ гардид.
