Субҳи рӯзи 15 май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд. Дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд беш аз 25000 нафар сокинони касбу кори гуногун дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ сарҷамъ гардида, дар Дави миллӣ иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинии варзишӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар назди иштирокчиёни Дави миллӣ суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат нисбат ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Дави миллӣ аз соли 2007 инҷониб дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.



Субҳи рӯзи 15 май дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят Дави миллӣ баргузор хоҳад шуд.
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд.
