16 майи соли ҷорӣ, соати 18:30 саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Улфатхоним Мамадшоева ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Алим Шерзамонов дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Соати 20:40-и ҳамон рӯз бо супориши Мамадбоқир Мамадбоқиров як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии сокини 29-солаи маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ Замир Назришоев ба хизматчиёни Раёсати ВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро таркониданд.



Бахшида бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба қаиқронӣ доир гардид.
20 май рӯзи таваллуди Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аст ва ба ин муносибат дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони "Сайре дар шеъристони Лоиқ" маҳфили адабӣ баргузор шуд.
