14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ду корхонаи нав давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта, ба истифода дода мешаванд.



14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров-толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои навбатии донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария ғолиб шуда, соҳиби 300 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ гардиданд.
