Дар доираи нақшаи чорабинии муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Бӯстон мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот муовини раиси шаҳр Хуршед Сатторзода, корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Пайрав Умарзода, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр, ходимони дин, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони васоити ахбори умум ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат варзиданд.



Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, роҳбарияти шуъбаи ВКД, намояндагони соҳаи тандурустӣ, маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Шӯрои собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони масъул ҷаласаи васеи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави қисми мустақили 63-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.
