Соҳибкорону саховатмандони шаҳри Истаравшан ба Исфара 80 ҳазор дона хишт фиристоданд

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша 28 сентябр ба оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардидаи деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ирсол карда шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Тавре масъулин иброз доштанд,  соҳибкорони шаҳри Истаравшан дар пайравӣ ба амалҳои инсонпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии  ҳамаи оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардида, ин  иқдоми наҷибро амалӣ намуданд.

Иштироки хизматчиёни давлатӣ дар озмун барои таҳсил дар зинаи магистратура

Баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кадрсозӣ ба ҳисоб рафта, Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ба такмили донишҳои маъмурии хизматчиёни давлатӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола барои бо таҳсили дарозмуддат ва кутоҳмуддат фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ чораандешӣ менамояд.

Аз соли 2009 инҷониб дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ » фаъолият менамояд.

Нақшаи истеҳсоли пахта то имрӯз 35,4 фоиз иҷро гардид

Ба санаи 28 сентябри соли 2022 нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 35,4 фоиз иҷро гардидааст.

Пахтакорони вилоят то имрӯз 47307,9 тонна "тиллои сафед" - ро ҷамъоварӣ карда, ба хирман супоридаанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш