100 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати кӯмак ба оилаҳои зарардида ба Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафарбар гардиданд.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни гусели ҷавонон таъкид дошт, ки ташаббуси мазкур дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати кӯмак ба сокинони наздимарзӣ бетараф нест ва мунтазам тадбирҳои имконпазирро ба роҳ монда истодааст.



30 сентябр бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон ҳамоиш вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.
30 сентябри соли равон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳои Гулдара ва Гулшани Ҷамоати шаҳраки Адрасмон оғози расмӣ бахшид.
