30 сентябр бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон ҳамоиш вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, масъулини сохторҳои вилоятӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳии минтақа иштирок намуданд.



30 сентябри соли равон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳои Гулдара ва Гулшани Ҷамоати шаҳраки Адрасмон оғози расмӣ бахшид.
Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша 28 сентябр ба оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардидаи деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ирсол карда шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
