Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки зиёда аз 70 нафар бойгоншиносони вилояти Суғд семинар - машварат гузаронида шуд.
Семинар - машваратро муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминзода оғоз бахшид ва баъдан мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ иштирокчиёнро бо барномаи семинар шинос намуд.



Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.
Дар доираи омодагиҳо ба 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар мавзӯи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон" конфронс баргузор гардид, ки дар он доираи васеи хизматчиёни давлатӣ, собиқадорон, омӯзгорону ҷавонон иштирок намуданд.
