4 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам овардааст.



Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи шанздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санаи 3-юми ноябри соли равон дар толори калони раёсати донишгоҳ бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа, устодону муҳассилини донишгоҳ конференсияи илмӣ таҳти унвони “Конститутсия поягузори низоми муосири давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
3 ноябр тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.
