
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҳмудзода Насрулло бо фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.
Вохӯриро муовини раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳимми сиёсиву барномавӣ буда, самтҳои асосии рушди кишварро дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон муайян менамояд.
Маҳмудзода Насрулло нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ шарҳ дод. Ӯ таъкид кард, ки дар Паём ба масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисод, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тақвияти нақши ҷавонон ва занон дар ҷомеа, ҳамчунин таҳкими сулҳу субот таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.






