-Дар давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 1 млрд. 988 миллиону 831,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ 138,8 фоизро ташкил дод, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода.
Дар соли 2022 таъсиси 15 корхонаи хурду миёна пешбинӣ шуда, дар ин давра дар ноҳия 12 корхонаи саноатии нав ва хатҳои иловагии хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуд, дар натиҷа 163 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардиданд.



Дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони васоити ахбори омма раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми шаш моҳи аввали соли 2022 гузориш дод. Қайд гардид, ки ҷиҳати омодагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 607 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли равон ба 3 миллиарду 365,2 млн. сомонӣ расонида шуд.
