«Ваҳдату ҳамбастагӣ - кафили ҳамдилӣ, дӯстӣ ва пайванди инсонҳо». Дар Панҷакент конфронси илмӣ доир гардид

Азназаргузаронӣ: 403

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли ҷорӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент конференсияи илмӣ-амалии «Ваҳдату ҳамбастагӣ - кафили ҳамдилӣ, дӯстӣ ва пайванди инсонҳо» доир гардид.

Дар конференсия зиёиёну собиқадорони шаҳри Панҷакент, олимону омӯзгорон, ҷавонону занони фаъол ширкат варзиданд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оғоз шуда, дар идома маърӯзаҳои иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Панҷакент Шафоатов Шириншо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шукурзода Мурод, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор Ансорӣ Муаззамхон, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат - Ризоев Облоқул ва чанде аз зиёиёну олимон дар мавзуъҳои гуногун шунида шуд.

Маърузачиён аз таърихи Истиқлол ва раванди сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки гузашти солҳо собит намуд, ки дар воқеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор, хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом доданд. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллатро ба инобат гирифта, иштирокчиёни конфронс ҷиҳати бори дуюм сарфароз гардонидани Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии "Қаҳрамони Тоҷикистон" якдилона муроҷиатнома қабул намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд