7-уми октябр дар толори Гимназияи №1-уми шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар он ғолибони даври дуюми озмун, омӯзгорон ва ҳайати ҳакамон иштирок намуданд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар доираи сиёсати фарҳангпарварона ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба рушди маърифати ҷомеа ва тарбияи насли донишманду худогоҳ мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки китобу китобхонӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллат нақши муҳим дошта, чунин иқдомҳо барои боло бурдани завқи мутолиа ва маърифати фарҳангии насли наврас заминаи муносиб фароҳам меоранд.
Даври вилоятии озмун аз 7 то 17-уми октябр аз рӯйи чор номинатсия – «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ», «Адабиёти классикии тоҷик», «Адабиёти муосири тоҷик» ва «Адабиёти ҷаҳон» – баргузор мегардад.
Дар рӯзи аввали озмун довталабони зинаи синфҳои ибтидоӣ иштирок намуда, донишу маҳорати хешро пешкаши ҳайати ҳакамон карданд. Аз миёни иштирокчиён беҳтаринҳо муайян гардида, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




