Бӯстон ва Гулистон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, таҳти рақами 1221 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва қарори дахлдори раиси вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои омодагӣ ва ташкилию сафарбарии даъватшавандагон оғоз шуд.

Дар натиҷаи фаъолияти масъулини ситодҳои шаҳрӣ, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо, инчунин дастгирии падару модарон, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон дар рӯзи аввали даъват 100 фоиз иҷро гардид.
Ҷавонони далеру шуҷоъ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ омодагии худро барои ҳифзи Ватан ва адои қарзи шаҳрвандӣ нишон доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон ба падару модарон ва ҷавонони ватандӯст барои эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба сарбозони навдаъват хизмати содиқона ва бобарор ба Ватанро таманно намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд