Озмуни «Фурӯғи истеъдод дар фазои Истиқлол» доир шуд

Бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Фурӯғи истеъдод дар фазои Истиқлол» баргузор гардид.

Озмун аз се давр — муассисавӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) ва вилоятӣ — иборат буда, марҳилаи вилоятии он дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Дар он 54 нафар хонандагони синфҳои 8–9 ва 10–11 аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Мақсади озмун дарёфти хонандагону омӯзгорони соҳибистеъдод, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва сатҳи дониши сиёсиву таърихии иштирокчиён мебошад.
Озмун аз ду бахш — навиштани иншо ва суҳбати шифоҳӣ дар шакли саволу ҷавоби сиёсиву таърихӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ — иборат буд. Ҳамзамон, ҳар як довталаб дастовардҳои худро дар давоми таҳсил ба ҳайати ҳакамон муаррифӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд