Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар Истаравшан

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони маҳал корҳои созандагиву бунёдкориро аз хонаву дари худ оғоз намуда, хусусан ба мумфаршнамоии роҳҳои дохилӣ аҳамияти хоса зоҳир намуданд.

Ин аст, ки сокинони Маҳаллаи Ясии Ҷамоати деҳоти "Гули Сурх"-и шаҳри Истаравшан тасмим гирифтанд зиёда аз 3 км роҳро мумфарш намоянд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо иқдоми сокинони маҳаллӣ корҳои ҳамворкунии роҳ ва шағалпӯшкунӣ пурра ба анҷом расонида шуда, мумфаршкунии он идома дорад.
Роҳи мазкур аз ҷониби ширкати роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ анҷом дода шуда, бо ин мақсад хароҷоти зиёда аз 2,0 млн сомонӣ маблағ дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд