Таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ

3 сентябр дар ноҳияи Айнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маросим намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода, роҳбарону фаъолон, собиқадорон, ҷавонон, аҳли зиё ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта, дар ноҳияи Айнӣ низ дар ин давра корҳои созандагию ободонӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат ёфтаанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти роҳбарияти олии кишвар ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ ба сокинони ноҳия расониданд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар ва аҳли фарҳанги ноҳия баргузор шуда, суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннумгари Истиқлолу Ваҳдати миллӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ дар фазои идона, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд