Дар шаҳри Конибодом мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба самбо байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд таҳти унвони «35 соли Истиқлол — 35 қуллаи варзиш» баргузор гардид.
Дар мусобиқа варзишгарони наврас аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзида, дар вазнҳои гуногун барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба рушди самбо дар вилоят, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мусоидат менамояд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мусобиқа дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «35 соли Истиқлол — 35 қуллаи варзиш» баргузор шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




