Дар шаҳри Бӯстон 13 августи соли 2026 мусобиқаи кушоди вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд оид ба теннис таҳти унвони «35 соли Истиқлол — 35 қуллаи варзиш» баргузор гардид.
Мусобиқа ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он варзишгарони наврас дар ду гурӯҳи синнусолӣ — 10–13-сола ва 14–17-сола — иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа рушди теннис дар байни наврасону ҷавонон, ҷалби бештари онҳо ба машғулиятҳои варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ мебошад.
Иштирокчиён дар ҷараёни рақобатҳои шавқовар маҳорати техникӣ, омодагии ҷисмонӣ ва иродаи қавии худро нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва Ҷоми Раиси вилояти Суғд мубориза бурданд.
Баргузории чунин мусобиқаҳо барои рушди минбаъдаи теннис ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишгарони ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




