Дар Донишкадаи иқтисод ва савдо нишасти хабарӣ баргузор шуд

10 августи соли 2026 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ иштирок намуд.
Нишастро директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷалилзода А.А. ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти Донишкада дар шаш моҳи аввали соли 2026 маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Зикр гардид, ки донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ фаъолияти худро дар заминаи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва рушди фаъолияти илмӣ равона намудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 донишкадаро 757 нафар хатм намудаанд. Аз ин шумора 359 нафар дар шуъбаи рӯзона, 359 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 39 нафар дар зинаи магистратура таҳсилро ба анҷом расонидаанд. 67 нафар хатмкунанда соҳиби дипломи аъло гардида, 543 нафар ё 86 фоиз бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба рушди фаъолияти байналмилалӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Юнон, Финляндия, Испания, Хорватия, Лаҳистон, Литва, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар доираи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Erasmus+ KA171, Jean Monnet, AGREENTAJ ва Fulbright Specialist, як қатор чорабиниҳо ва лоиҳаҳо амалӣ гардиданд.
Дар натиҷаи фаъолияти маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ 15 нафар омӯзгор барои такмили ихтисос ва табодули таҷриба ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ сафарбар гардида, 19 нафар донишҷӯ дар барномаҳои мубодилаи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ доир ба самтҳои асосии фаъолияти донишкада, дастовардҳои таълимӣ ва илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, рақамикунонии раванди таълим ва нақшаҳои минбаъдаи муассиса маълумот пешниҳод гардида, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд