Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони шаҳри Исфара

Дар шаҳри Исфара бо иштироки гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси шаҳри Исфара мулоқот бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои иҷрои барномаҳои давлатии рушди маҳал, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳамкориҳо миёни сохторҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барои рушди ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмону азнавсозии 1031 адад анҷом ёфта, дар самтҳои саноат, кишоварзӣ ва ҷалби сармоя нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омадаанд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки сокинони шаҳри Исфара корҳои ободониву созандагиро дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо масъулияти баланд идома хоҳанд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд