Дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси ноҳия Равшан Раҳимзода мулоқот доир шуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин рушди инфрасохтори иҷтимоӣ бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шумораи иншооти ҷашнӣ аз 595 ба 725 адад расонида шуда, иҷрои нақша ба 115 фоиз таъмин гардидааст.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулонро ба истифодаи самараноки имкониятҳо барои тақвияти корҳои созандагӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ҳидоят намуд.
Дар анҷом зарурати иҷрои саривақтиву босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва ҷалби фаъоли аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




