5 августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқоти гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Мӯъминзод, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла иштирок намуданд.
Мулоқотро муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва аҳамияти баргузории онро шарҳ дода, аз вазифаҳои муҳиме, ки дар самти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ёдовар шуд.
Сипас, раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 «Дар бораи эълон гардидани соли 2026 — Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки дар шаҳр корҳои ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, сабзу хуррамгардонӣ ва беҳсозии инфрасохтор бо маром идома доранд.
Дар идома Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Мӯъминзод оид ба муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои аз он бармеомада суханронӣ намуда, аз корҳои созандагию бунёдкорӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни аҳолӣ ёдовар гардид. Ӯ фаъолияти мақомоти маҳаллиро дар самти иҷрои корҳои ободонӣ мусбат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода натиҷагирӣ намуда, фаъолонро ба масъулияти бештар, иҷрои босифати супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳмгузории фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ даъват кард.
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ меҳмонон аз як қатор иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳри Конибодом боздид намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




