Дар деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич роҳи асосӣ мумфарш гардид

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи дурдасти Обиборики ноҳияи Деваштич роҳи асосии деҳа пурра мумфарш гардид.

Роҳи мазкур, ки дарозии он бештар 3,5 километрро ташкил медиҳад, бо маблағи 2 миллион сомонӣ асфалтпӯш шуда, барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт мусоидат намуд. Дар иҷрои ин кори муҳими ободонӣ сокинони деҳа саҳми фаъол гузошта, бо дастгирии онҳо лоиҳа амалӣ гардид.
Деҳаи Обиборик, ки дар масофаи беш аз 100 километр аз маркази вилояти Суғд ҷойгир аст, ба шарофати сиёсати созандаи давлат ва ташаббуси аҳолӣ симои нав касб мекунад. Мумфарш гардидани роҳи асосии деҳа бозгӯи он аст, ки корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ на танҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо, балки дар дурдасттарин маҳаллаҳои кишвар низ бо суръат идома доранд.
Қаблан низ сокинони деҳа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар амалисозии як қатор корҳои созанда саҳми арзанда гузошта буданд. Аз ҷумла, бо маблағгузории аҳолӣ ва шахсоне, ки нияти адои ҳаҷҷи умра доштанд, бунгоҳи тиббии деҳа азнавсозӣ гардида, барои беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ шароити мусоид муҳайё шуд. Ҳамчунин, бо саъю кӯшиши дастаҷамъона аз масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида шуд.
Сокинони Обиборик бо пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим доранд минбаъд низ дар ободии диёр саҳми арзандаи худро гузоранд. Иқдомҳои амалишуда намунаи равшани ҳамдиливу ҳамкории мардум буда, аз вусъати корҳои созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд