Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди Исфара мумфаршкунии 10 км роҳ оғоз шуд

Дар тамоми гӯшаю канори шаҳри Исфара ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мумфаршкунии роҳҳо босуръат идома доранд.

Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканд ба корҳои мумфаршкунии 5 километр роҳҳои дохилимаҳаллӣ оғоз бахшида шуд.
Тибқи иттилои масъулин дар маҷмӯъ аз ҳисоби соҳибкорон ва истиқоматкунандагони Ҷамоати деҳоти Кӯлканд мумфарш кардани 10 километр роҳ пешбинӣ шудааст.
Ин иқдом ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори деҳот ва муҳайё сохтани шароити қулай барои ҳаракати сокинон роҳандозӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд