Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 8 июл Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бинои иловагии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор дод.
Иншоот дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти ҳайати шахсӣ пешбинӣ шудааст. Бинои сеошёна аз 16 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, синфхонаи таълимӣ ва дигар утоқҳои хизматӣ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурии муосир таъмин мебошад.
Дар бинои нав воҳидҳои оперативӣ, аз ҷумла хадамоти кофтукови ҷиноятӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва кор бо ноболиғону ҷавонон ҷойгир шудаанд.
Ҳамзамон, дар ҳудуди шуъба майдончаи варзишӣ бунёд ва бинои асосии шуъба пурра таъмир гардида, корҳои мумфаршкунӣ, сафолакпӯшкунӣ ва кабудизоркунӣ анҷом дода шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ мулоқот намуда, барои иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ ва таҳкими тартиботу қонуният дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба Шуъбаи ВКД як адад автомашинаи хизматии Hyundai Santa Fe тақдим намуд, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ истифода хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




